Ҷашни Сада дар маркази шаҳри Кӯлоб бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, роҳбарияти шаҳр, кормандони сохторҳои гуногун, аз ҷумла кишоварзон, аҳли илму маориф, фарҳанг, омӯзгорону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва доираи васеи сокинони маҳаллӣ бо риояи тамоми унсурҳои миллӣ таҷлил карда шуд.
Бо назардошти иҷрои расму суннатҳои деринаи мардумӣ намоиши дастовардҳои соҳаҳои гуногун, аз қабили номгӯи зиёди маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, намунаҳои маҳсули ҳунари дастии сокинон, оростани хони идона, ташкили намоиши техникаву механизмҳои кишоварзӣ, гӯшаи гулу буттаҳо, ниҳолони мевадиҳанда, сояафкану ороишӣ ва дигар дастовардҳои илмиву фарҳангӣ, ки баёнгари пешрафту тараққиёт ва беҳбудшавии батадриҷи сатҳи некӯаҳволии мардум аст, пешниҳоди иштирокдорон гардонида шуд.
Истиқболи сатҳи баланди ҷашни куҳану таърихии Сада аз эҳтирому арҷгузории сокинон ба санаҳои муҳими таърихӣ ва ҳифзу муаррифии анъанаҳои миллӣ ба наслҳои оянда мебошад.
Ҳамчунин маҳсули ҳунарҳои дастии ҳунармандони шаҳр, ки бо завқи баланди эҷодӣ ва таҷассуми оинҳои миллии гузаштагон бо омезиши рангу тобишҳои муосир омода гардида буданд, дар намоишгоҳ пешниҳоди иштирокдорон гардид.
Зикр гардид, ки Сада ҳамчун ҷашни мардуми ориёитабор, махсусан яке аз оинҳои бостонии миллати соҳибтамаддуни тоҷик буда, бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи декабри соли 2023 ба феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид карда шуд. Ин рӯйдоди муҳими фарҳангӣ боиси ифтихори ҳар як фарди худогоҳу ватандӯсти мамлакат арзёбӣ гардид.
А. Ҳасанов