КӮШОНИЁН: ТАЪСИСИ ГАРМХОНАҲОИ ЗАМОНАВӢ-ЗАМИНАИ РУШДИ САЙЁҲИИ АГРАРӢ

Бо мақсади амалӣ  намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифрдабарии самараноки замин, коркади агротехникии он ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироат, истифодаи оқилонаю самарабахши заминҳои обӣ, раиси вилояти Хатлон аз кору фаъолияти кишоварзони ноҳияи Кӯшониён дидан карданд. 

Раиси вилояти Хатлон дар якҷояӣ бо кишовазони мамлакат  аз фаъолияти кишоварзони хоҷагии деҳқонии “Ёрмаҳмад” дар ҷамоати деҳоти Навбаҳор шинос гардиданд.

Маълум гардид, ки кишоварзони ин хоҷагӣ дар ихтиёри худ зиёда аз 4 гектар замин дошта, ба кишти зироати гуногун, аз ҷумла парвариши помидор, бодиринг, қаламфури ширину карам ва дигар зироат машғул мебошанд.

Дар ноҳияи Кӯшониён шуғли асосии сокинон кишоварзӣ буда, баланд бардоштани истифодаи самаранокии замин, гирифтани якчанд ҳосил аз як замин, ташкили гармхонаҳои мавсимию доимоамалкунанда, истифодаи таҷрибаи пешкадам ба таври доимӣ ва хуб ба рох монда шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки фаъолияти гармхонаи навбунёди хоҷагии деҳқонии “Ёрмаҳмад” бо мақсади  таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастархони истеъмолии сокинони мамлакат бо маҳсулоти тару тозаи экологӣ дар парвариши маҳсулоти кишоварзӣ равона гардидааст.

Имрӯзҳо дар гармхона парвариши кучати помидору бодиринг,  карам ва дигар зироатҳо ба роҳ монда шудааст.

А. Ҳасанов