МУЪМИНОБОД: ҲАЙВОНОТУ ПАРАНДАГОНИ НОДИР БО ҒИЗО ТАЪМИН МЕГАРДАНД

Бо мақсади пешгирӣ аз нестшавии парандагону ҳайвоноти кӯҳӣ ва ҳифзи онҳо аз талафёбии сардиҳои фасли зимистон масъулони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Муъминобод дар мавзеъҳои мушкилгузар ва сукунати ҳайвоноти ваҳшӣ пайваста корҳои биотехникиро амалӣ менамоянд.

Рӯзҳои охир, ки дар мамлакат боришоти  барф ба амал омад дар чунин вазъи ҳавои кишвар, махсусан дар доманакӯҳҳо  дарёфти ғизо барои ҷонварони даштӣ мушкил мегардад. Дар ҳамин замина масъулони соҳа аз оғози сардиҳои мавсими имсола дар доманакӯҳҳои ноҳияи Муъминобод махсусан дар мавзеи Паҳндара ва Руминдараи ҷамоати деҳоти Чилдухтарон ва дигар мавзеъҳои кӯҳӣ чунин тадбирҳоро амалӣ намуданд.

  Соли ҷорӣ масъулон корҳои биотехникиро бо усули нав ба роҳ монданд. Маҳсулоти ғалладонагӣ дар новаҳои махсуссохташуда ва коҳу беда бо тарзи бастабандӣ дар шакли овезон гузошта шуд, ки ин усул барои зери барф намондани маҳсулот, намоён будан ва дар ҳама ҳолат дастрасӣ пайдо кардани ҷонварон ба он мусоидат менамояд.

Ёдовар бояд шуд, ки айни замон ҳудуди Хоҷагии ҷангали ноҳия 17- ҳазору 423- гектар буда, аз ин 95- гектар боғи мевадиҳанда, 4- ҳазору 500- гектар майдони чарогоҳ ва 7- ҳазору 700- гектараш дарахтони гуногуни ҷангалзор мебошад. Тибқи иттилоъ дар хоҷагии ҷангали ноҳия ҳайвоноту парандагони гуногуни нодир аз ҷумла кабки ҳилол, уќоб, гурбаи ҷангалӣ, хирс, гург, оҳу ва дигар ҷонвароне, ки шомили китоби Сурхи Тоҷикистон мебошанд сукунат доранд.

Ҳамасола чунин иқдомҳои дастҷамъона аз рӯзҳои аввали фасли зимистон ҳангоми боришоти барф ва сард гаштани вазъи  ҳаво дар доманакӯҳҳои ноҳияи Муъминобод аз ҷониби Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳия гузаронида мешавад. 

А. Ҳасанов