Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ вобаста ба пешбурди ковишҳои бостоншиносӣ дар соли 2025 ҳамоиш доир шуд

28 январ дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин агентӣ.

Дар ҳамоиш  ғасби заминҳои ҳифзшавандаи ҳудуди ёдгориҳо, рақамикунонии ёдгориҳои таърихӣ, азнавбақайдгирии ёдгориҳо, пешбурди ковишҳои бостоншиносӣ дар соли 2025 бо усул ва меъёрҳои замони муосир ва дигар масъалаҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

Директори Агентӣ вобаста ба азхудкунии ғайриқонунии заминҳои ҳифзшавандаи ҳудуди ёдгориҳо сухан гуфта, аз сар задани чунин қонуншиканиҳо изҳори нигаронӣ кард. Ҳамзамон ба масъулин ва кормандони Агентӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28 декабри соли 2024 дар Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» чунин изҳор доштанд: «Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ барои таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор мегузорад».

Вобаста ба ин Агентӣ тасмим гирифтааст, ки тамоми ёдгориҳои таърихӣ, фарҳангӣ, меъморӣ, монументалӣ ва табиии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мутобиқ ба талаботи замони муосир аз оғози соли равон азнавбақайдгирӣ, феҳристнигорӣ ва рақамикунонӣ намояд.

Мавҷудияти ёдгориҳои фаровони таърихӣ дар мамлакат далели он аст, ки миллати тоҷик  дорои таъриху тамаддун ва гузаштаи пурғановат мебошад. Агентӣ барои гузаронидани ковишҳо ва таҳқиқоти бостоншиносӣ бобати боз ҳам бештар шинохтани таърихи гузаштагони хеш дар арсаи байналмилалӣ бо назардошти меъёрҳо, усулҳо ва стандартҳои пазируфташуда бо муҳаққиқони дохилию хориҷӣ ҳамкорӣ менамояд.

Бояд гуфт, ки тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 2024 ин масъалаҳо ба салоҳияти Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шудаанд.

Минбаъд барои гузаронидани ковишҳои бостоншиносӣ дар Тоҷикистон бо риояи талаботи муайяншуда танҳо аз ҷониби Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ба дархостдиҳандагон иҷозатнома дода мешавад. Дарёфткунандагони иҷозатнома пас аз анҷоми ковишҳои бостоншиносӣ бо назардошти меъёрҳо, усулҳо ва стандартҳои пазируфташуда ҳисобот пешкаш менамоянд.