Муассисаи давлатии телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ба хотири рушди ҳунари армуғонсозӣ ва дарёфти чеҳраҳои нави ҳунарманд озмуни телевизиониро таҳти унвони “Армуғон” пешниҳод менамояд.
Ба озмун маҳсулот ва ашёе бояд пешниҳод карда шавад, ки тавассути заҳмати даст ва бо сатҳу сифати баланд ва зебою ҷолиб омода шуда бошад.
Синни иштирокчиёни озмун аз 18 сола боло муқаррар гардидааст.
Ғолибонро аъзои ҳакамон муаян месозанд.
Раванди сохтан ва маҳсулоти эҷоди ҳунармандон тавассути телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ намоиш дода шуда, ба ғолибон дар чорабинии тантанавӣ ифтихорнома ва мукофотҳои пуливу молӣ супорида мешавад.
Довталабон имкон доранд маводи видеоии худро мустақиман ё ба воситаи Whatsapp ё Telegramm бо рақами 888 33 38 21 ирсол кунанд. Мълумоти бештарро тариқи рақами 2254670 метавонед дастрас намоед.