1 март дар Будапешт бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ ва доираҳои тоҷирону ширкатҳои хусусии ду давлат Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистон ва Маҷористон ҷиҳати баррасии густариши ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, ҷалби сармоя ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои авлавиятнок баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ дар ростои муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Маҷористон нақши таҳкими минбаъдаи робитаҳои созанда байни намояндагони бахши хусусиро дар соҳаҳои кишоварзӣ, неруи таҷдидшаванда, иқтисоди «сабз», саноат, фанновариҳои муосир, дорусозӣ, гардишгарӣ, лоиҳаҳои бузурги зербиноӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн таъкид намуд.
Ҳамзамон имконияти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардида, соҳибкорони Маҷористон ҷиҳати роҳандозии ҳамкории мустақим бо ширкатҳои Тоҷикистон бо истифода аз зарфияти фаровони муштарак даъват карда шуданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон