ОЗМУНИ ТЕЛЕВИЗИОНИИ НАВОРИ БЕҲТАРИН ТАҲТИ УНВОНИ “ЧАШМАНДОЗ”

Муассисаи давлатии телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ба хотири инъикоси васеи зебогиҳои Тоҷикистон дар фасли зимистон озмуни навори беҳтаринро таҳти унвони “Чашмандоз” эълон мекунад!

         Дар озмун ҳама хоҳишмандон новобаста аз синну сол ва касбу кор ширкат варзида метавонанд.

         Талабот барои иштирокчиён:

  • Навор бояд манзараи зимистонаи шаҳр, деҳот, маҳалла, кӯча, маконҳои таърихӣ, мавзеъҳои сайёҳӣ, табиат, олами набототу ҷонварон ва ғайраро ифода кунад:
  • Навор бояд босифат ва ҷолиб бошад;
  • Макон ва замони гирифтани навор  ҳатман ишора шавад:
  • Вобаста ба ҳар як акс шарҳ пешниҳод гардад;
  • Ному насаби муаллифи навор, ҷои истиқомат ва синну сол ҳатман ишора шавад;

Ғолибони озмун аз рӯи 3 бахш баҳогузорӣ ва муайян мешаванд:

  • Аз рӯи баҳогузории доварони озмун;
  • Аз рӯи шумораи зиёди тамошобин дар саҳифаҳои иҷтимоии шабака;
  • Аз рӯи шумораи зиёди тамошобин дар сомонаи Телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”

Муҳлати пешниҳоди аксҳо то 15-уми марти  соли равон

Муаллифон метавонанд аксҳои худро тавассути почтаи электронии  tvsayohi@gmail.com  ва ба воситаи Ватсап ва телеграмм бо рақами 555603000  равон намоянд.

Озмун дар арафаи Ҷашни Наврӯз ҷамъбаст гардида, Ғолибонро диплом, ҷоиза ва мукофотҳо интизор аст. Маълумоти бештар бо телефонҳои 2252026

https://youtu.be/RgnA7UBOy9g