Бузи кӯҳии пармашох яке аз ҳайвонҳои нодири минтақаҳои кӯҳии Осиёи Марказӣ ва Осиёи Шимолӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, Покистон, Ҳиндустон, Афғонистон, Туркманистон ва Узбекистон мебошад. Морхӯр нақши муҳимеро барои экосистема, гуногунии биологӣ, сайёҳӣ ва ғайра бозӣ карда, дарки ҳифзи он дар сатҳи ҷаҳонӣ бо назардошти дар рӯйхати сурхи Иттиҳодияи байналмилалии ҳифзи табиат қарор доштани ин ҳайвони нодир муҳим ба назар мерасад.
Ҳоло саршумори ин ҳайвони нодир дар Тоҷикистон беш аз 6000 сарро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда бозгӯи он аст, ки дар Тоҷикистон таҷрибаи ҳифз ва нигоҳ доштани ин ҳайвони нодир дар ҷаҳон яке аз муваффақтарин арзёбӣ мегардад.
Моҳи майи соли 2024 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба эълон намудани Рӯзи байналмилалии бузи морхӯр ба инобат гирифта, Қатъномаи дахлдор қабул намуд.
Ёдовар мешавем, ки ин қатънома аҳаммияти бартараф намудани камшавии бесобиқаи чаҳонии гуногунии биологиро эътироф карда, ҳифз ва нигоҳ доштани макони зисти табиии морхӯрро ҳамчун зарурати экологӣ таъкид намудааст. Дар он инчунин аҳамияти ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба ҳифзи морхӯр, эътирофи ташаббусҳои миллӣ ва минтақавие, ки аллакай татбиқ мешаванд, гуфта шудааст. Бо қабул гардидани қатънома 24 май Рӯзи байналмилалии морхӯр эълон гардид ва ҳамасола бо баргузории конфронсу чорабиниҳои сатҳи минтақавию байналмилалӣ ин рӯз таҷлил гардида, ҷиҳати ҳифз ва нигоҳдории ин ҳайвони нодир чораҳои садманд андешида мешавад.
А. Ҳасанов