КӮШОНИЁН: РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

Бо мақсади рушд бахшидани ҳунарҳои мардумӣ ва зинда гардонидани анъанаҳои миллӣ дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, ин соҳа пайваста аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ дасгирӣ меёбад. Имрӯзҳо бо фароҳам гардидани шароити созгори кору фаъолият ҳунармандони ноҳия ба истеҳсоли маҳсулоти хушсифати дастӣ машғул мебошанд. 

Ҳунарманди чирадаст, сокини деҳаи Садриддин Айнии ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳия,  Бибимоҳ Гадоева, ки аз хурдӣ ба ҳунармандӣ шавқу рағбати зиёд дошт,  фаъолияти хешро густариш дода, пайваста дар пайи навгониҳо мебошад.

Имрӯзҳо маҳсули дастони пурэъҷозаш дар намошгоҳи чорабиниҳои фарҳангиву маърифатии ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ муаррифӣ гардида, борҳо бо ифтихорномаву сипосномаҳо қадршиносӣ карда шудааст.

Бибимоҳ Гадоева дар тули фаолияти чандинсолаи хеш садҳо нафар шогирдонро ба камол расонида, ба онҳо нозукиҳои ҳунари гулдӯзиро омӯзонидааст.

Дар баробари тарбия ва соҳибкасб гардонидани шогирдон фарзандони хешро низ дар ин рӯҳия ба воя расонида, онҳоро дар идома бахшидани  ҳунарҳои мардумӣ ташвиқ намудааст.

А. Ҳасанов