ДАВОМИ СОЛИ 2024 БЕШ АЗ 2077 КМ РОҲ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД ТАЪМИРУ  НАВСОЗӢ ГАРДИДАНД

Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол дар баробари дигар соҳаҳо ба соҳаи роҳу нақлиёт, ки самти калидӣ ва афзалиятнок дар рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, аз ҷумла соҳаи сайёҳӣ ба шумор меравад, таваҷҷуҳи хоса равона шудааст.

Бо назардошти ин муҳимият Ҳукумати Ҷумуҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба рушди ҳамаҷонибаи соҳаи роҳдорӣ таваҷуҳ равона намуд. Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки “Солҳои охир таъмиру сохтмони роҳҳои маҳаллӣ вусъат пайдо карда, танҳо дар соли 2024-ум аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ, хусусан, бо саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша ва мардуми Тоҷикистон ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ зиёда аз 2 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру таҷдид гардида, бунёду азнавсозии 23 пул ба анҷом расидааст”. Соли 2024 дар вилояти Суғд низ бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат дар соҳаи  роҳдорӣ тадбирҳои муҳим амалӣ гардида, таъмиру тармими 2077 км роҳ, аз ҷумла  таъмири асосии 211 км роҳи автомобилгард ба нақша гирифта шуда буд,  ки ин тадбирҳои ободии роҳҳо барзиёд иҷро гардид.

Ёдовар бояд шуд, ки ин ҳама бо дастгириҳои бевоситаи Ҳукумати мамлакат ва саҳми соҳибкорону сокинони ватандӯст амалӣ гардида, бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт таъмин гардид.  

Имрӯз дастоварди соҳаи роҳу нақлиёт дар вилоят ба хубӣ эҳсос мегардад. Ҳатто роҳҳои мошингарди дурдасттарин ноҳияҳо, ки сайёҳон бештар ба ҳамин мавзеъҳо сафар мекунанд, мумфарш гардида, воситаҳои нақлиёт бе мушкилӣ ҳаракат мекунад. 

А. Ҳасанов