ҲАМАДОНӢ: ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ НУКТАҲОИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ

Вобаста ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми роҳнамунсози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа аз ҷониби масъулони ниҳодҳои гуногуни давлатӣ пайваста суҳбату вохӯриҳои судманд ва чорабиниҳои ватандӯстонаи тарғиботӣ баргузор карда мешаванд.

Дар асоси нақша чорабиниҳои МИҲД-и ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ вобаста ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат баргузории силсилачорабиниҳои омӯзишиву фаҳмондадиҳӣ дар ҷамоатҳои деҳот ва маркази ноҳия бо ҷалби намояндагони сохторҳои гуногун ва сокинони маҳаллӣ роҳандозӣ гардида, мунтазам амалӣ карда мешавад.

Чунин чорабинии омӯзишиву фаҳмондадиҳӣ дар маркази ноҳия бо иштироки намояндагони МИҲД, кормандони соҳаи тандурустӣ, ҳифзи ҳуқуқ, сарбозони қисми ҳарбӣ ва дигар сохторҳо баргузор шуд. Зимни  баромад ва пешниҳоди маърӯзаҳо нуктаҳои Паёми Роҳбари давлат бори дигар шарҳу тавзеҳ дода шуда, таъкид гардид, ки ин ҳуҷҷати сиёсӣ барои тамоми мардуми кишвар ҳамчун роҳнамо ва дастурамали доимӣ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои созанда маҳсуб меёбад.

Дар ҷараёни чорабинӣ доир ба изҳори таваҷҷӯҳ, дастгирӣ ва ғамхориҳои Роҳбари давлат ба ҷавонон ҳамчун нерўи ояндасози ҷомеа ва рушди дигар соҳаҳои хоҷагии халқ маърўзаҳо пешниҳад карда шуд.

Идомаи чунин чорабинии омӯзишӣ дар шуъбаи маорифи ноҳия ва дар муассисаҳои таълимии ноҳия бо иштироки хонандагону волидон ва омӯзгорон идома ёфта, роҷеъ ба самтхои дигари Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла вобаста ба рушди соҳаи илму маориф, дастгирии ҷавонон, мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа баёни афкор сурат гирифта,  таъкид шуд, ки дар амал татбиқ намудану аз рӯи нақшаву ҳадафҳои созандаи Паёми Роҳбари давлат ба роҳ мондани фаъолият, ояндаи бозҳам дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлолро заминаи воқеӣ мегузорад.

А. Ҳасанов