ДУШАНБЕ: БАРГУЗОРИИ ФОРУМИ ОЛИМОНУ ПАЖУҲИШГАРОНИ ТОҶИКИСТОН ВА ЭРОН

Дар баробари баргузории дигар чорабиниҳои сатҳи баланд, имрӯз дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Форуми олимону пажуҳишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор шуд.

Пеш аз оғози форум олимону  пажуҳишгарони Эрон бо намоиши дастовардҳои олимону пажуҳишгарони муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шинос шуда, ба дастовардҳои олимону муҳаққиқон баҳои баланд доданд.

Бояд гуфт, ки ҳадаф аз баргузор намудани форум таҳкими минбаъдаи ҳамкории бисёрҷониба ва дуҷонибаи байнидавлатӣ дар соҳаи илму фановарӣ, муттаҳид намудани неруи илмии олимони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, инчунин баррасии масъалаҳои ҳамоҳангсозии таҳқиқоти илмӣ дар доираи як барнома мебошад.

Дар форум масъалаҳои таҳлил ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки корҳои муштараки илмӣ, мусоидат ба ҳамгироии самараноки илмӣ дар Тоҷикистон ва Эрон, таҳия ва лоиҳаҳои нави илмӣ, гузаронидани экспедитсияҳои якҷояи илмӣ, мусоидат ба паҳн намудани таҷрибаи истеҳсолот дар соҳаи илм дар Тоҷикистон ва Эрон бо мақсади баланд бардоштани сифати тайёр намудани кадрҳои илмӣ, муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушди таҳқиқоти илми бунёдӣ ва таҳияи тадбирҳо оид ба ҷорӣ намудани натиҷаи онҳо дар самти илми муосир мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.

А. Ҳасанов