БАРГУЗОРИИ МУКОЛАМАИ НАМОЯНДАГОНИ БАХШИ ХУСУСИИ ТОҶИКИСТОН ВА ЭРОН 

Бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Утоқи бозаргонии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳамоиши намояндагони бахши хусусии Тоҷикистон ва Эрон баргузор гардид.

Дар чорабинӣ  намояндагони вазорату идораҳо, соҳибкорону сармоягузорон ва ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидории Тоҷикистону Эрон дар соҳаҳои фарматсевтика, саноат, инфрасохтор, кишоварзӣ, энергетика, хизматрасониҳои молиявӣ ва сайёҳӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва дигар соҳаҳо иштирок ва суханрони намуданд.

Дар идомаи чорабини ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории байни Тоҷикистону Эронро мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба муҳимияти ҷалби маблағгузорӣ  барои татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ, ҳамкориҳои байнибонкӣ, таъсиси фондҳои муштарак, табодули таҷриба дар самти фанновариҳо, инчунин иштироки ширкатҳои эронӣ дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба созиш расиданд.

Дар рафти вохӯрии мазкур байни субъектони бахши хусусии ду давлат як қатор санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

А. Ҳасанов