15-уми январ дар доираи баргузории чорабинии фарҳангии «Шоми шеъри Тоҷикистону Эрон» Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Ҷумҳурии Исломии Эрон аз осорхонаи Китобхонаи миллӣ дидан карданд.
Зимни боздид, Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба дастхатҳои китобҳои бузургони шеъру сухани форсу тоҷик, аз ҷумла ба китобҳои Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, изҳороти худро ҷиҳати ҳамкориҳо дар самти омӯзиши дастхатҳои нодири таърихӣ баён дошт.
Ёдовар бояд шуд, ки дар дар фонди осорхонаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон китобҳои нодир, дастхатҳо, китобҳои чопи сангӣ ва дигар маводҳои гаронбаҳои таърихӣ ҷамъоварӣ ва ҳифзу нигаҳдорӣ мешаванд.
А. Ҳасанов