Дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон дар Китобхонаи миллӣ вохӯрии Вазирони ду давлат – Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Ҷумҳурии Исломии Эрон доир гардид.
Зимни мулоқот Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ташрифи ҳайати меҳмононро аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, зикр дошт, ки мардуми кишварҳои моро на танҳо забон, балки анъанаҳои беназири маданию таърихӣ низ муттаҳид мекунад. Мо дар адабиёт, санъат ва меъморӣ сарчашмаҳои муштарак дорем. Ва ин аст, ки дар кишварҳои мо ба ҳифз ва тарғиби мероси фарҳангӣ, ҳунарҳо ва анъанаҳои мардумӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мешавад.
Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Ҷумҳурии Исломии Эрон барои ҳамкориҳои минбаъда изҳори омодагӣ карданд ва такид доштанд, ки имрӯз ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ маълуму маъруфанд ва пешниҳод карданд, ки ҷиҳати омӯзиши ҳунаҳои дастии якдигар, минбаъд пайваста намишгоҳҳои ҳунарҳои мардумии кишвари Тоҷикистон дар Эрон ва аз Эрон дар Тоҷикистон ташкилу роҳандозӣ гардад.
Ҳамзамон, ҷониби Эрон дар наздитктарин фурсат нишасти дуҷонибаи бостоншиносони Эронию Тоҷикистониро ҷиҳати ҳамкорӣ дар самти корҳои ҳафриётӣ дар ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, мувофиқи мақсад донистанд.
Мулоқот дар фазои дӯстӣ, бо мақсади ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи фарҳангӣ дар самти ҳифз ва муарррифии ҳунару мероси таърихӣ анҷом ёфт.
А. Ҳасанов