«ШОМИ ШЕЪРИ ТОҶИКИСТОНУ  ЭРОН» – ЗЕРИ ЧУНИН УНВОН ДАР ДУШАНБЕ ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён  ба Тоҷикистон дар Китобхонаи миллӣ таҳти унвони «Шоми шеъри Тоҷикистону  Эрон»  чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар даромадгоҳи Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳайати меҳмонон ва иштрокдорони маҳфили шеъру адаби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эронро  намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳандозии намоиши театрӣ пешвоз гиритфанд.   

Дар чорабинии мазкур Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикисон – Матлубахон Сатториён, Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ризо Солеҳии Амирӣ, сафринон ва шоирону нависандагону  намояндагони аҳли  фарҳанги ду давлат- Тоҷикистон ва  Эрон иштирок намуданд.

Зимни сухани ифтитоҳӣ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  иброз дошат, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки ду давлати ҳамзабону ҳамфарҳанг ва  дорои пайвандҳои таърихию мероси муштарак мебошанд, баргузории ин маҳфил робитаҳои фарҳангии давлатҳоро густариш дода, боз ҳам мустаҳкам менамояд.

Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ризо Солеҳии Амирӣ изҳор намуд, ки Тоҷикистон ва Эрон бо мутафаккирони илму адаби оламшумули худ тавонистаанд дар ҷаҳон шинохта шаванд. Ин фарҳангу таърихи бойи ду миллат то имрӯз пойбарҷо буда, сол то сол густариш меёбад.

Бояд ёдовар шуд, ки маҳфили “Шоми шеъри Тоҷикистону Эрон” аз бахшҳои мухталиф иборат буд  ва шоирону адибони тоҷику эронӣ тавонисатнд доир ба ҳамкориҳои минбаъда дар самти эҷодиёт ва густариши равобити дуҷониба табодули таҷриба намоянд.

Ҳамзамон дар чорабинии “Шоми шеъри Тоҷикистону Эрон” аз ҷониби сарояндагони кишвар аз эҷодиёти  шоирону нависандагони форсу тоҷик сурудҳои баландмазмун пешниҳоди ҳозирин гардионида шуд.

А. Ҳасанов