ДАР ТОҶИКИСТОН 25-26 ЯНВАР ҶАШНИ БОСТОНИИ САДА ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД

Ҷашни Сада ба монанди идҳои Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон аз қадимтарин ҷашнҳои халқи тоҷик буда, бо анъана ва оину суннатҳои хеш то ба имрӯз расидаанд. Ҳамин аст, ки миллати тоҷик ин ҷашнҳоро то ба имрӯз ҳамчун ёддошти арзишманди маънавии ҳифз медоранд ва ҳамасола дар сатҳи баланд таҷлил менамоянд. 

Маврид ба ёдоварист, ки миллати тоҷик бо анъана, расму оин ва фарҳанги бойю қадима дар рушди тамаддуни ҷаҳон саҳми арзанда гузоштааст. Анъанаҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, ба монанди Наврӯз, Меҳргон, Тиргон ва Сада дар давраи тулонии таърих дар тарғиби ахлоқ ва тамаддуни башарият нақши бузург доранд. 

Боиси ифтихор аст, ки ин ҷашнҳо ба феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид гардида, бори дигар ҷаҳониёнро бо таърихи бою рангини миллати тоҷик ошно месозад. Мувофиқи ривояти “Шоҳнома” шоҳ Ҳушанг ин ҷашнро асос гузоштааст.

Бояд гуфт, ки зимни иҷлосияи 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО номинаи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон «Ҷашни Сада» ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид гардид.

Ҷашни Сада дар баробари  ҷанбаҳои табии, таърихӣ ва кишоварзӣ доштан, ҳамзамон дар муаррифи фарҳанги ғании миллати тоҷик нақши муҳим мгузорад. Зеро ҳаасола бо таҷлил аз ин ид меҳмонону сайёҳони хориҷӣ кишвар омода, бо иқтидору зарфиятҳои сайёҳӣ ва паҳлуҳои мухталифи ин ҷашн шинос мешаванд.

Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҷашни қадимаи миллӣ эҳё гардида, ҳар сол дар саросари ҷумҳурӣ охири моҳи январ васеъ таҷлил карда мешавад ва имсол низ баргузории ин ҷашн дар санаҳои 25-26-уми январ ба нақша гирифта шудааст. 

А. Ҳасанов