СОЛИ 2024 7820 НАФАР САЙЁҲИ ХОРИҶӢ АЗ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ ДИДАН НАМУДАНД

“Давоми соли 2024 аз толорҳои намоишии Осорхонаи миллии Тоҷикистон 102 ҳазору  179 нафар дидан намуданд, ки аз ин шумора 7820 нафарашро сайёҳони хориҷӣ ташкил медиҳанд” – ин нукта зимни ҷаласаи ҷамъбастии Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти муаасиса дар давоми соли 2024 ва вазифаҳои барои соли 2025  зикр гардид.

 Дар кори ҷаласа зикр гардид, ки ҷамъоварӣ, ҳифзу нигоҳдорӣ ва омӯзиши мероси таърихию фарҳангӣ яке аз вазифаҳои асосии Осорхонаи миллӣ маҳсуб меёбад. 

 Гуфта шуд, ки давоми соли 2024  меҳмонону сайёҳон ва намояндагони  50 кишвари олам, аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, ва дигар мамоликҳо аз толорҳои намоишии Осорхонаи боздид намудаанд. 

Дар давраи ҳисоботӣ 102 179 нафар тамошобинон экспозитсияи Осорхонаи миллиро тамошо намуданд, ки аз ин миқдор 94 359 нафарро тамошобинони дохилӣ ва 7 820 нафарро тамошобинони хориҷӣ ташкил намудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 392 нафар тамошобини дохилӣ кам ва 1 995 нафар тамошобини хориҷӣ зиёд мебошад. 

 Зикр шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ намоишҳои “Муаррифии ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик” ба муносибати шомил гардидани силсилаи ҳунарҳои мардумӣ ба феҳристи осори фарҳанги ғайримоддии СММ оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг – ЮНЕСКО, Намоиши “Инъикоси осори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ” дар қароргоҳи  ЮНЕСКО дар  шаҳри  Париж ба ифтихори 815 – солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Намоиш “Роҳи бузурги абрешим” дар Осорхонаи Британияи  Кабир,  Намоиш таҳти унвони “Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои таърихӣ” дар қароргоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср  ва ҳамзамон, намоиши “Муаррифии ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик”, дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб  бо ташаббуси Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  роҳандозӣ гардиданд, ки дар муаррифии ҳунару санъати миллати куҳанбунёти тоҷик нақши арзишманд гузоштанд.

Ҳайати роҳбарият ва кормандони осорхонаи миллӣ тасмим доранд дар соли 2025   намоиши “Тоҷикистон- кишвари  ёдгориҳои  нодир”  – ро дар осорхонаи миллии Ҷумҳурии халқии Хитой ташкилу роҳандозӣ намоянд, ва ба ин васила дар ҷалби сайёҳон аз Ҷумҳурии мардумии Чин ба Тоҷикистон офтобӣ нақши арзишманд  гузоранд.

А. Ҳасанов