1 март дар ҳамоиши байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Кашфи катибаҳои Алмосӣ ва мақоми он дар низоми хатҳои бостонии Осиёи Марказӣ» дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нақши пажӯҳиши катибаҳои аҳди қадим дар илми муосир баррасӣ карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҳамоиш олимон масъалаи омӯхтану дастраси аҳолӣ сохтани матнҳои қадимро мавриди таҳқиқ қарор дода, иброз доштанд, ки «сокини деҳаи Шоли шаҳри Ҳисор Ҳаиталӣ Сангинов дар кӯҳсор навиштаҷоте дидааст.
Бо таваҷҷуҳ ба ин хабар олимон ба ҷустуҷӯи эътимоднокии ин маълумот рафтанд. Дар воқеъ, катибаҳои хатти қадимӣ дар рӯйи санг канда шуда буданд. Санг бо навиштаҷот дар шимолтарин қисми дара, дар наздикии шохоби рости дарёи Алмосӣ, дар ҷои сабзазоре воқеъ аст, ки дар байни мардуми маҳаллӣ бо номи Хоҷа Мафраҷ маъруф аст.
Бостоншиносон муайян карданд, ки санги дорои навиштаҷот ба кунҷи ҷанубу шарқии иншооти сангии андозааш 120х50м ҳамсоя аст. Дар қисми шимолӣ сеяки майдони дохили иншооти сангиро гӯрхона ишғол мекунад, ки дар он зиёда аз 40 гӯри андозааш гуногун мавҷуд аст. Муҷассама дар баландии 2950 м ҷойгир буда, дар шимол қуллаҳои 4000-4600-метрии қаторкӯҳҳои Ҳисор аз шарқ ба ғарб тӯл кашидаанд».
Гуфта шуд, ки навиштаҳо дар болои кӯҳ нигошта шудаанд. Вақте сокини деҳаи Шол бори аввал дар ин ҷо будааст, навиштаҷот хеле зиёд будаанд. Мутаассифона, бар асари фаромадани тарма пораҳои дорои навиштаҷот дар поёни кӯҳ афтоданд. Қисми боқимондаи навиштаҷот дар рӯи санги ҳамвор дар се сатр кандакорӣ шудааст, ки дар он 23 ҳарф мавҷуд аст. Санги дуюми дорои навиштаҷот ёфт шуд, ки дар он матн хеле беҳтар нигоҳ дошта шудааст. Дар ин ҷо навиштаҷот дар се бахш нақш бастааст, ки дар он ҷамъ 36 ҳарфи алоҳида мавҷуд аст.
Ба гуфтаи забоншиносоне, ки навиштаҳои бостониро мехонанд, матни рӯйи санг дар номае нақш бастааст, ки то ҳол барои илм номаълум аст. Қаблан ҳамин навиштаҷот дар Дашти Навури Афғонистон сабт шуда буд.
Дар ҳамоиш олимон иброз доштанд, ки «умедворем катибаҳои дар дараи Алмосӣ ёфтшуда ба забоншиносон дар ифшои ин хатти то ҳол номаълум кумак мекунанд ва ба мо маънои аслии матнҳои қадимӣ маълум хоҳад шуд».
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон