Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Конфронси нуҳум оид ба ҳамкории байналмилалии Тоҷикистон ва Русия оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Қабл аз оғози қисми расмии конфронс дар бахшҳои саноат, энергетика ва ҳифзи муҳити зист, нақлиёту логистика, сайёҳӣ, маориф ва илм ва ҳамкории байнишаҳрӣ панелҳои алоҳида оғоз шуда, ҷараён доранд.
Зимни баргузории конфронс вохӯрии дуҷонибаи соҳибкорони Тоҷикистон ва Русия- «Соҳибкор бо соҳибкор» (В2В) ва «Соҳибкор бо намояндаи давлат» (В2G) дар назар аст, ки дар он масъалаҳои тиҷоратӣ ва ҳамкорӣ мавриди таваҷҷуҳи намояндагони бахши хусусии ҷонибҳо бо имзои санадҳои нави ҳамкорӣ қарор мегиранд.
Нимаи дуюми имрӯз қисмати асосии конфронс бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин доир мешавад.
Таъкид гардид, ки конфронси мазкур ба рушди имконоти фарохи ҳамкорӣ байни соҳибкорону сармоягузорон ва ба роҳ мондани муносибатҳои иқтисодии мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Русия мусоидат менамояд.
Зимни баргузории конфронс имконоти сармоягузории мамлакат ва механизму қонунгузории соҳа ба меҳмонон ва сармоягузорон муаррифӣ карда мешаванд.
Бояд гуфт, ки дар конфронс намояндагони зиёда 800 ширкату корхонаи соҳаҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидории Тоҷикистон ва Русия, аз ҷумла роҳбарони вазорату идораҳо, роҳбарони мақомоти минтақавӣ, ширкатҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти саноати бофандагӣ, мошинсозӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, саноати техникӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ, хизматрасониҳои молиявӣ ва сайёҳӣ ва диигар корхонаҳои давлатию хусусӣ иштирок доранд.
АКС: АМИТ «Ховар»
АМИТ «Ховар»