Бо мақсади дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва мардони эҷодкор дар ноҳияи Мастчоҳ озмуни грантҳо баргузор гардид, ки дар натиҷа 5 ҳунарманд бо грантҳои раиси ноҳия сарфароз гардонида шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ хабар медиҳад.
Маблағи грантҳо аз 2000 то 5000 сомониро ташкил дода, ба беҳтарсозии шароити кор, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ ва рушди фаъолияти эҷодии ғолибон равона гардидааст.
Раиси ноҳия Аъзам Ализода зимни супоридани грантҳо таъкид намуд, ки ҳунармандӣ ҷузъи муҳими мероси фарҳангӣ буда, ба рушди ҷомеа ва дастгирии иқтисоди маҳаллӣ мусоидат мекунад. Ӯ инчунин изҳор дошт, ки чунин ташаббусҳо дар оянда идома меёбанд, то шумораи бештари занон ба фаъолияти соҳибкорӣ ҷалб шавад.
Иттилоъ дода шуд, ки таъсиси грантҳои Раиси ноҳияи Мастчоҳ ҷузъе аз сиёсати дастгирии рушди иқтисодии маҳаллӣ ва тавонмандсозии занон мебошад. Ҳунармандони маҳаллӣ на танҳо иқтисоди хонавода, балки фарҳанги миллӣ ва мероси ғайримоддии моро эҳё мекунанд.
Ғолибони озмун нақшаҳои худро барои истифодаи грантҳо муаррифӣ намуда, изҳор доштанд, ки ин дастгирӣ ба пешрафти кори онҳо ва ҷалби бештари занону духтарони хонанишин ба ҳунармандӣ мусоидат мекунад.
Ин иқдом намунаи ибрат барои ташвиқи занон дар рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва эҷодкорӣ дар ноҳия арзёбӣ гардид.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ