Зимни мулоқоти ҳайати намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо роҳбарияти Ширкати байналмилалии машваратии Чин дар Донишгоҳи иқтисодии Чин-Созмони ҳамкории Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин созишнома оид ба табодули донишҷӯён ба имзо расонида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар доираи ин санад соли 2025 4 омӯзгор ва 40 донишҷӯи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон барои табодули таҷриба ба донишгоҳҳои Чин фиристода мешаванд.
Дар асоси созишнома хароҷоти табодули таҷриба аз ҷониби Фонди Роҳи Абрешими Ҷумҳурии Мардумии Чин амалӣ мегардад.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон