Масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкорӣ дар самти тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаҳои сайёҳӣ, хизмат ва соҳибкорӣ зимни мулоқоти намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо роҳбарияти Донишгоҳи давлатии сайёҳӣ ва хизмати Русия дар Москва баррасӣ гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки роҳбарияти Донишгоҳи давлатии сайёҳӣ ва хизмати Русия аз ташаббуси ҷонибҳо дар самти таҳкими ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.
Гуфта шуд, ки минъбаъд дар доираи факултети муштараки Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон барои таъсиси ихтисосҳои нав, роҳандозии барномаҳои таҳсилии муштарак, инчунин ташкили машғулияти онлайнию ҳузурии байни тарафҳо, табодули академии донишҷӯён ва магистрантон ва такмили ихтисоси омӯзгорон тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон