«БОНУИ ҲУНАР». Дар Душанбе 30 нафар занону духтарон даври омӯзишии дӯзандагӣ ва қаннодиро хатм намуданд

 Дар шаҳри Душанбе 30 нафар занону духтарон аз оилаҳои ниёзманд дар Маркази касбомӯзии «Атлас» таҳти унвони «Бонуи ҳунар» даври омӯзишии дӯзандагӣ ва қаннодиро хатм намуданд. Дар ин хусус Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе хабар дод.

Даври омӯзишӣ бо ибтикори Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе дар доираи қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи тасдиқи Нақшаи кори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои соли 2024» ва татбиқи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» гузаронида шуд.

Давоми як моҳ ба занону духтарон ҳунармандони чирадаст ҳунари дӯзандагӣ ва қаннодӣ омӯзониданд.

Ҳадафи асосии омӯзиш- соҳибкасб гардонидани занону духтарони хонанишин, эҳё намудан ва густариш додани ҳунарҳои аҷдодӣ, ташаккули фарҳанги хонаводагӣ, боло бурдани сатҳи зиндагии мардум ва таъмини занону  ҷавондухтарон бо ҷойи нави кор мебошад.

Ёдовар мешавем, ки бо ибтикори Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе ва бахшу шуъбаҳои он дар маҳаллаҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе пайваста чорабиниҳои маърифатӣ доир мегарданд. Дар онҳо занону духтарони ҳунарманд ва кадбонуҳои соҳибзавқ маҳсули дастонашонро ба намоиш гузошта, ҷавондухтаронро ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ҷалб менамоянд.

Манбаъ: khovar.tj