Даври ҷамъбастии озмунҳои ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» ва «Беҳтарин оилаи ҳунарманд», ки бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда буд, якҷо бо маросими ҷоизасупорӣ баргузор шуд.
Ташкил ва баргузор намудани чунин як озмунҳои маърифатӣ барои таҳкими пояҳои оиладорӣ, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, саҳми ҳамсарон дар солиму пойдор нигоҳ доштани фазои солими оила, тарбияи фарзандони солеҳа, худшиносу худогоҳ , саҳми оилаҳоиҳ ҳунарманд дар эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, ба касбу ҳунаромўзӣ ҷалб намудани фарзандон, наврасону ҷавонон, нақши арзишманди оилаҳо дар ободонии маҳали зист ва ҳамчун оилаи намунавӣ баланд бардоштани обрӯ ва эътибори хонаводаҳо мусоидат менамояд.
Дар озмун роҳбарону намояндагони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, ғолибони даври дуюми озмуни вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияи Рашт ширкат намуда, ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмун бо Шоҳҷоиза, Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳ урии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.
Дар натиҷа ба гирифтани Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин ҳамсар” Алидодов Хушомад аз ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ сазовор дониста шуда, Ҳасанов Бахтиёр аз шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон сазовори ҷойи 1, Бобоев Мунис аз ноҳияи Ашти вилояти Суғд ва Ҳакимов Акмал аз ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сазовори ҷойи 2, Холов Турахон аз ноҳияи Шаҳринав, Муҳаммадшерзодшоев Умед аз шаҳри Хоруғи ВМКБ ва Шарипов Ҳоҷӣ аз ноҳияи Рашт сазовори ҷойи 3 гардиданд.
Дар озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин оилаи ҳунарманд” оилаи Азимова Дилдора аз ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд соҳиби Шоҳҷоиза гардида, оилаи Набиева Нигинамо аз ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе сазовори ҷойи 1, оилаи Лайлиев Некруз аз ноҳияи Рўшони ВМКБ ва оилаи Носиров Фозилҷон аз ноҳияи Шаҳринав соҳиби ҷойи 2, оилаи Қодирова Фариштамо аз ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон, оилаи Рашидов Ҳабибулло аз шаҳри Бўстони вилояти Суғд ва оилаи Шарипов Ташриф аз ноҳияи Рашт ба гирифтани ҷойи сеюми озмун мушарраф гардиданд.
А. Ҳасанов