ОЗМУНИ “ҲУНАРМАНДИ СОЛ” ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

Бо мақсади амалисозии “Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021- 2025” бо ибтикори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” озмуни “Ҳунарманди сол” баргузор ва ҷамъбаст гардид.

Дар озмун ғолибони Фестивали ҳунармандони Тоҷикистон “Ҳунар беҳтар аз зар бувад” ва Озмуни ҷумҳуриявии “Ҳунар омӯз…” аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз рӯйи 7 номинатсия “Маҳсулоти бофандагӣ ва либос”, “Коркарди чӯб ва маснуоти чӯбӣ”, “Маҳсулоти минералии ғайриметаллӣ”, “Коркарди металл ва маснуоти тайёри филизӣ”, “Созҳои мусиқӣ”, “Санъати нафиса”, “Ҳунарҳои соҳаи кишоварзӣ” намунаи ҳунарҳои худро ба аъзои ҳакамон пешниҳод намуданд.

Озмуни мазкур бо мақсади  рушди фаъолияти ҳунармандӣ, ҳифз ва нигаҳдории мероси ғайримоддии фарҳангӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, хештаншиносӣ, ҳунармандӣ ва ватандӯстӣ, эҳёи анъанаҳои аҷдодии ҳунарҳои мардумӣ ва оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини ҳунарҳои мардумӣ, тарғиби таҷрибаи пешқадами ҳунармандони варзида, муаррифии намудҳои гуногуни маҳсулоти ҳунарманди ва дастгирию ҳавасмандгардонии ҳунармандон роҳандозӣ гардида, ҳамасола баргузор мегардад.

Бояд зикр намуд, ки аз нав зинда кардан ва рушд додани анъанаву суннатҳои волову наҷиби халқамон ва дар ин радиф такя ба ҳунарҳои мардумӣ намудан далели худшиносӣ миллӣ ва симои хоси миллӣ доштани халқи тоҷик мебошад.

Дар фарҷом, ғолибони озмуни “Ҳунарманди сол” бо ҷоиза, диплом ва тӯҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

А. Ҳасанов