ҲАМОИШИ СИЁСӢ – ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 30-СОЛАГИИ ҲХДТ

Бахшида ба 30-солагии Ҳизби Халқии Демократиии Тоҷикистон дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ  таҳти унвони “30-соли саршор аз ифтихор ва пирӯзиҳо бо Ҳизби Халқии Демократиии Тоҷикистон” ҳамоиши сиёсӣ – фарҳангӣ баргузор гардид.

Қабл аз оғози ҳамоиш меҳмонон аз намоиши дастовардҳои олимону донишҷӯёни Донишгоҳ дидан намуданд.

Дар чорабинӣ намояндагони Кумитаи Ичроияи Марказӣ ва шаҳриву ноҳиявии Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон, роҳбарият ва ҳайати олимону мутахассисон ва донишҷӯёни Донишгоҳ иштирок намуданд.

Зимни суханрониҳо зикр шуд, ки имсол аз таъсиси ин ҳизби сиёсӣ 30 сол сипарӣ мегардад. Бояд гуфт, ки ин 30 сол барои мардуми тоҷик 30 соли пирӯзиву хушбахтӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ, бунёдкориву созандагӣ ва ваҳдату ягонагист. 

 Роҳбарияти Кумитаи ибтидоии ҳизбии “Муҳандис” – и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ зимни суханронӣ изҳор дошт, ки имрӯз теъдоди зиёди омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳ аъзои фаъоли ин ҳизби бонуфуз ҳастанду дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок намуда, дар амалисозии ҳадафҳои созандаи ҲХДТ саҳмгузоранд.

Гуфта шуд, ки соли 1994 Ҳизби Халқӣ Демократии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи ҷумҳурӣ таъсис дода шуд ва ин ҳизби мардумӣ аз санаи таъсис ёфтанаш паи таъмини сулҳу субот ва ҳаёти осудаи халқ талош намуда, танҳо бо як маром фаъолият намуд.

А. Ҳасанов