Дар Душанбе ҳавопаймои «L410 NG» муаррифӣ карда шуд

Ширкати чехии «LET Aircraft Industries» дар ҳамбастагӣ бо Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳавопаймои L410 NG-ро муаррифӣ намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Сомон Эйр».

Дар муаррифӣ намояндагони «LET Aircraft Industries» оид ба имконияти техникии ҳавопаймо ба хабарнигорон маълумот доданд. Баъдан намояндагони расмӣ, роҳбарони корхонаҳои авиатсионӣ ва хабарнигорон ба парвози намоишӣ даъват гардида, дар ҷараёни парвоз бо кори ҳавопаймои истеҳсоли Чехия шинос шуданд.

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар айни замон имконоти гуногуни тавсеаи парки ҳавоймоии худро барои иҷрои парвозҳои дохилӣ ва минтақавӣ баррасӣ менамояд ва ҳавопаймои L410 NG яке аз пешниҳодҳои баррасишаванда мебошад.

Ёдовар мешавем, ки қаблан ҳайати Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз корхонаи «LET Aircraft Industries»-и Чехия боздид намуда буд. Мақсади сафар шиносоӣ бо раванди истеҳсоли ҳавопаймои L410 NG ва ҳамчунин баррасии масъалаҳои омодасозии кадрҳои техникӣ ва парвозии ширкати ҳавопаймоӣ буд. Ҳайати ширкати «Сомон Эйр» ҳамчунин бо намояндагони ширкатҳои содиротӣ – «Czech Export Agency» ва Корпоратсияи «Export Guarantee & Insurance» оид ба масъалаҳои маблағгузории хариди эҳтимолии ҳавопаймоҳо вохӯриҳо анҷом дод.

Ҳавопаймои L-410 NG аз ҷониби Агентии аврупоӣ оид ба бехатарии авиатсионӣ сертификатсия шуда, хусусияти беҳтаршудаи парвозиву истифода дорад ва бо технологияҳои пешрафта ва авионикаи инноватсионӣ муҷаҳҳаз мебошад. Тавассути он метавон 19 нафар мусофирро дар хатсайрҳои маҳаллӣ интиқол дод.

АКС: Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр»