ВМКБ: ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД”  ДАР МУРҒОБ ВА ВАНҶ

Дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024–2028» озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин оилаи ҳунарманд” дар шаҳру навоҳии мамлакат ҷараён дорад.

Дар ноҳияҳои Мурғоб ва Ванҷи ВМКБ озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» бо иштироки оилаҳои ҳунарманд баргузор гардид.

Бино ба иттилои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни мазкур  дар ноҳияи Мурғоб бо иштироки 3 оила доир шуда, дар натича тибқи талаботи низомномаи озмун Ҷаннат Шарифова ғолиб дониста шуда, ба даври вилоятӣ роҳхат гирифт.

Ҳамзамон, озмуни  ҷумҳуриявии «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» дар ноҳияи Ванҷ бо иштироки оилаҳо аз шаш Ҷамоати  деҳот гузаронида шуд, ки иштирокчиён маҳсули ҳунарашонро пешниҳоди ҳакамон намуданд.

Дар озмун аз ин ноҳия Мавҷигул Файзова аз Ҷамоати деҳоти Маҳмадулло Абдуллоев  ғолиб дониста шуд.

Бояд гуфт, ки рушди ҳунарҳои мардумӣ воситаи муҳиме аст, ки дар муаррифии миллати қадимӣ ва ҳунарманд будани тоҷикон, беҳгардонии сатҳи зиндагӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани духтарону занон нақши муассир дорад.

Масъулин мақсади озмунро дар ҷалби ҷомеа, хусусан ҷавонону наврасон ба ҳунармандию касбомӯзӣ, машғул шудан ба истеҳсоли маснуоти ҳунарҳои бадеии халқӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстию худшиносӣ, зебоипарастиву меҳнатдӯстӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим арзёбӣ карданд.

А. Ҳасанов