Дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Бохтар маросими ҳавасмандсозии ғолибони даври вилоятию ҷумҳуриявии озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор гардид.
Пеш аз оғози маросими мукофотсупорӣ иштирокдорон аз намоиши дастовардҳои ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ дидан намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки довталабон аз вилояти Хатлон имсол аз се озмуни сатҳи ҷумҳуриявӣ сазовори 67 ҷойи ифтихорӣ гардиданд, ки аз ин ду ададаш шоҳҷоиза мебошад.
Дар идома чорабинӣ роҳбарияти вилоят қайд доштанд, имсол дар озмунҳои болозикр беш аз 62 ҳазор нафар хонандагону донишҷӯён ва табақаҳои гуногуни ҷомеа иштирок намуданд, ки ин теъдод бо фароҳам овардани шароиди арзандаи илмомӯзӣ ва ҳавасманд намудани онҳо сол аз сол меафзояд.
Дар идомаи суханронӣ раиси вилояти Хатлон бо мақсади тақвияти сатҳи донишу маърифати сокинон, аз ҷумла ҷавонону наврасон пешниҳод намуданд, ки дар вилояти Хатлон соли 2025 – “Соли фарҳанги китобхонӣ” эълон карда шавад .
Зикр шуд, ки ҳадаф аз ин иқдом зиёд намудани шавқу ҳаваси на фақат хонандагону донишҷӯён, омӯзгорону кормандони фарҳангу санъат, балки намояндагони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, донишҷӯёну магистрантҳо, омӯзгорон, шоирону нависандагон, косибон, кишоварзон, нафақахӯрон ва дигар намояндагони касбу кори гуногун ба хониши китоб, мутолиаи асарҳои манзуму мансур ва эҷоди назму наср мебошад.
А. Ҳасанов