Нимаи дуюуми рӯзи 4-уми декабр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми соҳибкории Тоҷикистону Миср таҳти роҳбарии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири банақшагирӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии Миср баргузор гардид.
Дар Форум намояндагони вазорату идораҳои ҳарду кишвар, соҳибкорон ва сармоягузорони Тоҷикистону Миср низ иштирок намуданд.
Қайд карда шуд, ки мақсад аз баргузории Форуми мазкур густариши ҳамкориҳои тиҷоратию сармоягузорӣ тавассути ташкили муколамаи озод байни соҳибкорону сармоягузорон ва дар ин замина дарёфти роҳҳои нави корӣ дар самти ташкили корхонаҳои муштарак ҳисоб меравад.
Иштирокчиёни чорабинӣ изҳори боварӣ карданд, ки натиҷаҳои форум ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Чумхурии Арабии Миср мусоидат хоҳад кард.
Дар доираи форуми мазкур имконият ва иқтидори сайёҳии саноатию ҳарду икшвар тариқи видоролик пешниҳоди иштирокдорон гардонида шуд.
Пас аз қисмати расмии Форум вохӯриҳои дуҷониба дар формати “Давлат бо соҳибкор” (G2B) ва соҳибкорони ду кишвар дар формати “Соҳибкор бо Соҳибкор” (В2В) баргузор гардида, як қатор санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд.
А. Ҳасанов
АКС: АМИТ «Ховар»