Ҷаласаи сеюми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Миср оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар, таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири банақшагирӣ, рушди иқтисодӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Арабии Миср дар бинои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ баён намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи роҳбарони ду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср муҳтарам Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ муносибатҳои ду кишвар пайваста рушд карда, ба сатҳи олӣ баромаданд.
Қайд гардид, ки ҷаласаи Комиссияи мазкур чихати ичрои дастуру супоришҳои мулоқоти роҳбарони харду давлат дар 10 марти соли 2022 ба таҳкими муносибатҳои дуҷониба бо назардошти манфиатҳои муштарак равона шудааст.
Дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ масъалаҳои рушди ҳакориҳои тичоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, саноатӣ, кишоварзӣ, сайёҳӣ, маориф ва тандурустӣ мухокима гардида, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки вобаста ба таъсиси корхонаҳои муштараки нассоҷӣ, фармасевтӣ, пойафзолбарорӣ, масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла сафолак, серанит ва гранит бо ҷалби сармояи мустаким, инчунин соддагардонии расмиёти савдои тарафайн корбарӣ менамоянд.
Дар доираи ҷаласаи Комиссияи мазкур ҳайатҳои Тоҷикистону Миср се санади муҳим, аз чумла Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати сармоягузорӣ ва савдои Ҷумҳурии Арабии Миср, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арабии Миср оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукӣ, Протоколи ҷаласаи сеюми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Миср ба имзо расониданд.
А. Ҳасанов