Бо мақсади ташвиқу тарғиби ташаббуси 5-уми ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар маркази маъмурии вилояти Суғд –шаҳри Хуҷанд лавҳаи бузурги иттилоотӣ насб гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ҳадаф аз насби лавҳаи иттилоотӣ баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, ташвиқи ташаббуси панҷуми глобалии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки 14 декабри соли 2022 бо қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси панҷуми глобалии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардид. Тибқи он соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълон гардид.
Қабул гардидани Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълони соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо барои аҳли башар дар ҳалли масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва рафъи норасоии об дар сайёра муҳим ва саривақтӣ буда, бузургтарин дастоварди мамлакати мо дар арсаи байналмилалист.
Тибқи ин Қатънома, соли 2025 дар пойтахти ҷумҳуриамон- шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо баргузор карда шуда, бори дигар Тоҷикистонро ҳамчун давлати пешсаф дар ҳалли масъалаҳои муҳими глобалии марбут ба обу иқлим муаррифӣ менамояд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон