Ҳифзи муҳити зист ҳамчун яке аз масъалаҳои калидӣ имрӯз мавриди таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва дар ин самт аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тадбирҳои мушаххас рӯйи кор гирифта шудааст.
Тибқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти тағйирёбии иқлим ва бо мақсади беҳтар кардани вазъи экологии ҷумҳурӣ, инчунин, муҳайё намудани шароити ҳарчи беҳтар ва мусоиди зист барои аҳолӣ барномаи мушаххаси давлатӣ оид ба кабудизоркунии мамлакат барои давраи то соли 2040 таҳия гардида, мавриди амал қарор дорад.
Бо мақсади амалигардонии “Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” бо ибтикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо МИҲД-и шаҳри Ваҳдат маъракаи ниҳолшинонӣ ташкилу роҳандозӣ гардид, ки дар ин иқдом муовини сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода, роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зист, масъулони шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Ваҳдат ва сокинону фаъолон иштирок намуданд.
Муовини сарвазири мамлакат зимни баргузории маъркаи ниҳолшинонӣ ба масъулин ҷиҳати обёрӣ ва ҳифзу нигаҳдории ниҳолони шинонидашуда дастурҳои мушаххас дода, ҳамчунин супориш доданд, ки дар ҳамин ҷо нихолони дарахти хуч шинонанд.
Ёдовар мешавем, ки дар ин иқдом дар шафати шоҳроҳи Душанбе – Ваҳдат ва Душанбе – Норак беш аз 1500 ниҳоли дарахти ҳамешасабзи санавбар шинона шуд.
Бояд гуфт, ки “Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” бо мақсади амалӣ намудани чорабиниҳо дар самти шинонидани дарахту буттаҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳия гардида, ба коҳиш додани газҳои гулхонаӣ, барқарорсозии ҳолати экологии ҳавои атмосфера, нигоҳдории устувори тавозуни табиӣ, мутобиқшавӣ ба равандҳои тағйирёбии иқлим ва ғайра нигаронида шудааст.
А. Ҳасанов