Боздиди аҳли фарҳанги Беларус аз Қалъаи Ҳисор ва баргузории барномаи фарҳангӣ

Дар доираи баргузории рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Тоҷикистон барои  аҳли фарҳанги Ҷумҳурии Беларус хатсайри сайёҳӣ роҳандозӣ шуда, дар доиораи ин хастайр меҳмонон аз маконҳои сайёҳӣ ва таърихи пойтахти мамлакат ва шаҳри Ҳисор дидан карданд. 

Меҳмонон – иштирокдорони хатсайри мазкурро масъулон ва аҳли фарҳанги шаҳри Ҳисор бо  шодмонӣ ва меҳмоннавозии тоҷикона дар сатҳи баланд истиқбол гирифтанд.

 Дар шаҳри Ҳисор намояндагони Ҷумҳурии Беларус аз Қалъаи таърихии шаҳри Ҳисор диданд карда, бо таъриху тамаддун ва фарҳанги оламшумули халқи тоҷик аз наздик ошноӣ пайдо намуданд.

Роҳбаладон ба меҳмонон оид ба таърихи пайдоиши Қалъаи Ҳисор, давраҳои ташаккул ва аҳамияти ин макон маълумоти муфассал доданд. 

Меҳмонон ҳамаи гӯшаҳои қалъаи Ҳисорро тамошо намуда, ба намунаи ҳунарҳои халқии миллати тоҷик бештар таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Пас аз шиносӣ ва боздид аз Қалъаи Ҳисор ҳайати меҳмонон ба Қасри фарҳанги шаҳр ташриф оварда, дар ҳамин ҷо аз ҷониби аҳли ҳунар ва санъати Ҷумҳурии Беларус барномаи рангини фарҳангии иборат аз шеъру сурудҳои инъикоскунандаи дӯстию бародарӣ, ки таърихи муносбатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Беларусро бозгӯ мекард, намоиш дода шуд.

Иштирокчиён ташкил намдани Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро намунаи олии дӯстию бародарии ду миллати бо ҳам наздик унвон карданд.   

А. Ҳасанов