Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» нахустини парвози мунтазами ҳавоиро аз шаҳри Душанбе ба пойтахти Давлати Қатар – шаҳри Давҳа анҷом дод. Маросими ифтитоҳи хатсайри нави ҳавоӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони соҳа ва меҳмононону мусофирони хатсайр баргузор гашт.
Парвози мунтазам аз Душанбе ба пойтахти Қатар – шаҳри Давҳа бо ибтикори ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дар якҷоягӣ бо ширкати Fly.tj роҳандозӣ гардида, парвозҳо ҳар ҳафта рӯзҳои панҷшанбе сурат мегирад.
Дар расми ифтитоҳи хатсайр масъулин иброз намуданд, ки парвози мунтазами ҳавоӣ дар соли таҷлил аз 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар роҳандозӣ шудааст. Имрӯз ҳамкориҳои дуҷонибаи кишварҳо дар рӯҳияи эҳтироми мутақобила ва шарикӣ дар тамоми соҳаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн босуръат рушд ва таҳким меёбанд ва итминон карда шуд, ки парвозҳои мустақим барои афзоиши гардишгарии байни давлатҳо ва рушди сайёҳӣ имкониятҳои нав фароҳам меорад.
Дар назар аст, ки пас аз ифтитоҳи ин хатсайр шумораи сайёҳон аз ҳар ду тараф меафзояд ва ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратию сармоягузорӣ тақвият ёфта, ин омил ба гардиш ва содироти молу маҳсулоти ватанӣ ба Қатар мусоидат менамояд.
А. Ҳасанов