Ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии “Малакаи касбӣ” ва қадрдонии ғолибон

Маросими ҷамъбасти даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Малакаи касбӣ” ва қадрдонии ғолибони он дар толори «Кохи Суруш» – и пойтахт  баргузор гардид.

Зикр шуд, ки даври якуми озмун аз 10 то 25 октябр дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Бохтар, Хуҷанд, Ваҳдат ва ноҳияи Шаҳристон баргузор шуда, дар он аз рӯи 10 ихтисос 1000 нафар иштирок намуда, 150 нафари онҳо ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифта буданд. Даври ниҳоии озмун рӯзҳои 26-27 ноябри соли равон дар литсейҳои касбии техникии дӯзандагӣ, сохтмонӣ ва политехникии шаҳри Душанбе миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ баргузор шуд.

Дар маросими тантанавӣ ба ғолибони ҷойҳои 1, 2 ва 3 аз рӯи 10 номинатсия медал, диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ ва ба роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбие, ки дар баргузории озмун саҳми назаррас доштанд, “Сипоснома”-и  тақдим карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки озмуни ҷумҳуриявии “Малакаи касбӣ”  бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо мақсади инкишофи шавқу завқи хонандагон, дар амалия истифода намудани донишҳои назариявӣ, тақвияти кӯшиши онҳо ба корҳои эҷодӣ, тарғиби интихоби касб, фароҳам овардани шароити муносиб барои дарёфти хонандагони лаёқатманд, тақвияти тафаккури техникии онҳо ва рушди малакаи касбӣ байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯи номинатсияҳои «Барқчӣ оид ба таъмири қисмҳои барқии мошин», «Челонгар оид ба таъмири муҳаррики мошин», «Кафшергари барқию газӣ», «Ҳисобдор бо донистани компютер», «Системаи компютерӣ ва интернет-технология», «Дуредгар», «Дӯзанда», «Монтёри барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизоти барқӣ», «Тракторчӣ-мошинисти истеҳсолоти кишоварзӣ» ва «Челонгар оид ба тайёр намудани ҷузъҳо ва қисмҳои техникӣ-санитарӣ» дар соли 2024 баргузор шуд.

А. Ҳасанов