Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар доираи баргузории рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Тоҷикистон дар мавзӯи “Маориф ҳамчун омили муҳим дар таҳкими робитаҳои дуҷонибаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус” Форуми сеюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Баларус баргузор гардид.
Дар кори форум роҳбарони муассисаҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 12 нафар аз ректорони Ҷумҳурии Беларус иштирок намуданд.
Қабл аз оғози ҳамоиш дар донишгоҳ меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, меваю забзавот ва дастоварди устодону донишҷӯёни ин муассисаи олии кишвар дидан намуданд.
Тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, илм ва инноватсия байни Тоҷикистон ва Беларус дар самти иқтисоди «сабз», рақамикунонӣ, масоили марбут ба мубодилаи омӯзгорон ва донишҷӯён, доир намудани конфронсҳои илмӣ, иштирок дар кори шӯроҳо оид ба ҳимояи диссертатсияҳо, ташкили равандҳои омӯзиши мутақобил, баланд бардоштани ихтисоси омӯзгорон ва ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар соҳаи маориф аз ҷумлаи масъалаҳои меҳварии баррасишавандаи форум буд.
Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус соли сеюм аст, ки доир шуда, солҳои 2022-2023 форуми якум ва дуюм дар шаҳрҳои Душанбе ва Минск баргузор гардиданд, ки зимни онҳо 51 созишномаҳои ҳамкорӣ байни донишгоҳҳои ду кишвар ба имзо расида, онҳо дар ҳолати тадбиқ қарор доранд.
А. Ҳасанов