Шаҳри Истаравшан, ки аз қадим маркази фарҳангу тамаддуну ҳунар буд, имрӯз низ ҳамчун шаҳри ҳунармандон эътироф шуда, навъҳои зиёди ҳунарҳои миллӣ рушд кардааст.
Дар ташаккули самти ҳунармандӣ дар шаҳр баробари хунармандон саҳми коргоҳҳои истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ низ хеле назаррас аст.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шамси Ориён”, ки дар деҳоти Зарҳалоли шаҳри Истаравшан ҷойгир аст, аз соли 2014 ба фаъолият оғоз карда, то ин дам фаъолияти назаррас дорад.
Дар ин коргоҳ барои аҳолӣ, мақомоти давлатию идорӣ ва дигар муассисаӣои хоҷагидорӣ маҳсули кори ҳунармандон, аз қабили дуредгарӣ, кандакорӣ, сохтани дару тиреза, кат ва ҳама гуна коркарди чубу тахта пешнход мешавад.
Муассисаи ин коргоҳ усто Солиҳ Азизов хамроҳи фарзандонаш буда, то имруз даҳҳо шогирдонро ҳунари кандакорӣ омухтаанд.
Айни ҳол дар ин коргоҳ 30 нафар ба омӯхтани касби кандакорӣ машғуланд.
Бунёду фаъолияти босамари ин коргоҳ самараи фазои орому осудаи меҳан ва имтиёзҳои соҳавӣ буда, дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ба касбомӯзӣ фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, бунёди корхонаҳои хурду бузург ва дар ин замина ташкили ҷойҳои нави корӣ ба амал омадааст.
А. Ҳасанов