Балҷувон:  Ифтитоҳи бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ

Дар баробари рушди самтҳои мухталифи хоҷагии халқ, имрӯз дар доираи таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маориф низ ба тадриҷ рушд намудааст.

Барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот давоми солҳои соҳибистиқлолӣ шароити зарурӣ муҳайё карда шуда, дар ин замина дар дурдасттарин деҳаҳои мамлакат низ муасиисаҳои наву замонавӣ бунёд ва дар онҳо тамоми шароит барои тадриси хонандагон фароҳам оварда шудааст.

Дар ҳамин замина бо иштироки раиси вилояти Хатлон, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар деҳаи Охбулоқи ҷамоати деҳоти Тоҷикистони ноҳияи Балҷувон бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4  мавриди истифода қарор дода шуд.

Тибқи иттилоъ бино дуошёна буда, аз 8 синфхона, утоқи директор ва хонаи омӯзгорон иборат мебошад ва барои 480 хонанда дар ду баст бунёд гардидааст. Дар   ҷараёни корҳои сохтмонӣ 20 нафар сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб шудаанд.

Ҳамзамон, дар назди чор муассисаи таълимии ноҳия аз ҷумла, МТМУ №11, МТМУ №5, МТМУ №17 ва МТМУ № 29 биноҳои иловагии хушратҳу замонавии муҷаҳаз бо тамоми лавозимоти хониш мавриди  истифода қарор гирифт.

 Ёдовар мешавем, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаи маориф дар ноҳияи Балҷувон ба таври назаррас рушд намуда, сол то сол бо бунёд гардидани муассисаҳои наву замонавӣ шароити муосири таълиму тарбия барои муҳассислин фароҳам гардида истодааст.

А. Ҳасанов