ОҒОЗИ РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ БЕЛАРУС ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

25-уми ноябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. 

Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳким бахшидан ба робитаҳои фарҳангии ду давлат доир  мегардад ва бояд гуфт, ки  Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои дипломатиро бо Ҷумҳурии Беларус 5- сентябри соли 1996 барқарор намудааст. 

Ҳамкории фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус пайваста дар ҳоли рушд қарор дорад ва бо мақсади таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва муаррифии мутақобили фарҳангу ҳунари ду давлат  то имрӯз Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2007, 2015, 2018 ва Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус солҳои 2008, 2016 ва 2021 баргузор гардидаанд.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади рушду густариши минбаъдаи равобити мутақобилан судманди фарҳангӣ байни Тоҷикистон ва Беларус рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 то 27 ноябр бо иштироки аҳли ҳунар баргузор мегарданд.

А. Ҳасанов