Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст гардид ва ғолибон қадрдонӣ гардиданд

Маросими тантанавии қадрдонии ғолибони  озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ  бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,   вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо,   иштирокчиёни озмун ва волидайни онҳо баргузор гардид.

Дар расми ифтитоҳи чорабинии мазкур Раиси комиссияи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ суханронӣ намуда, таъкид кард, ки таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва мусоидат дар рушди ҷаҳони маънавии тамоми сокинони кишвар соли шашум аст, ки Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид.

Дар идома дар асоси натиҷаи ҷамъбасти ниҳоӣ, ки иштирокчиёни озмун аз шаҳри Душанбе соҳиби 43 ҷой, вилояти Хатлон 35 ҷой, вилояти Суғд 29 ҷой, ВМКБ соҳиби 13 ҷой ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 10 ҷой гардиданд, диплому мукофотҳои пулӣ ба ғолибон тақдим гардид.

Ёдовар мешавем, ки имсол озмуни мазкур аз рӯйи 6 номинатсия – адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон, эҷоди назм ва эҷоди наср миёни   намояндагон ва қишрҳои гуногуни ҷомеа баргузор гардида, ба ғолибони ҷойи аввал маблағи 35000 сомонӣ, ҷойи дуюм 25000 ва ҷойи сеюм 20000 сомонӣ, диплом ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Ҳамчунин, барои дарёфти “Шоҳҷоиза”- и озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз 21 нафар ғолиби ҷойҳои якум 15 нафар иштирок карда, дар натиҷа дар 4-номинатсия 4 – нафар иштиркчии беҳтарин сазовори Шоҳҷоиза гардиданд.

Дар маҷмуъ метавон гуфт, ки баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар соли 2024 назар ба солҳои қаблӣ  фарқкунанда буда, иштирокдорони соли ояндаи озмуни мазкурро таҳаввулоти куллие дар пеш аст, чун тибқи супориши Президенти мамлакат соли оянда маблағи ҷоизаҳо ба ғолибони озмун нисбат ба имсол  100 фоиз баланд мегардад.

А. Ҳасанов