ДАР ДУШАНБЕ ҶАЛАСАИ ДАҲУМИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ МИЛЛӢ ОИД БА РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ ДАР НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН  БАРГУЗОР ГАРДИД

Дирӯз таҳти раёсати муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳоким Холиқзода ҷаласаи даҳуми Шӯрои ҳамоҳангсозии миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, бо дастгириҳои Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон инфрасохтори муосири сайёҳӣ дар маҳалҳои дурдаст ва мавзеъҳои ҷолиби сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ бунёд гардиданд, ки ин омил сабаби ҷалби бештари сайёҳон ва ба ҷойи кор таъмин намудани аҳолии маҳаллӣ мегардад.

Лозим ба ёдоварист, ки тибқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2024, №АП – 507 таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мансурӣ Дилрабо аз ҳисоби Муовинони вазорату идораҳо, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуда, дар асоси нақшаи чорабиниҳои гурӯҳи корӣ дар самти рушди сайёҳӣ ва назорати раванди амалишавии барномаву нақшаҳои бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, косибӣ, касбу ҳунаромӯзии шарҳвандони мамлакат, истифодаи заминҳои Президентӣ ва наздиҳавлигӣ, ташкилу назорати корҳои ободониву кабудизоркунӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин, ҳифзи табиат ва ташкили фаъолияти маҳаллу растаҳо ва гӯшаҳои ҳунармандӣ дар шаҳру ноҳияҳо дар давоми соли 2024 як қатор чораҳои мушаххас андешида шуда истодааст, ки ба рушди  сайёҳии дохили муҳим арзёбӣ мегардад .

Дар ин раванд, аз натиҷаи корҳои анҷомдодашуда ҳар семоҳа ба Ҳукумати мамлакат ҳисобот пешниҳод гардида, ҷаласаҳои гурӯҳи кории чумхуриявӣ мунтазам баргузор карда мешавад. Ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ 29 ноябри соли 2024 дар маркази вилояти Хатлон ба нақша гирифта шудааст.

Гуфта шуд,  ки дар натиҷаи дастгириҳои Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар 9 моҳи соли 2024 тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 1 миллиону 223,2 ҳазор шаҳрванди хоричӣ омадаанд. Аз ин шумора 941.3 ҳазор нафар тибқи талаботи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ ҳамчун сайёҳ ворид гардидаанд , ки нисбат ба хамин давраи соли 2023 17,3 фоиз зиёд аст.

Дар анҷоми ҷаласаи Шӯро барои бартараф намудани камбудию мушкилоти ҷойдошта, татбиқи босамари ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат оид рушди устувори соҳаи сайёҳии кишвар, иҷрои босифати Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии “Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумхурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ” барои солҳои 2023 – 2027 ва омодасозии соҳа ба пазироии сайёҳон, хусусан рушди сайёҳии дохилӣ аз ҷониби муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон   дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

А. Ҳасанов