БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР МАВЗӮИ “НАҚШИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАШАККУЛИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ”

Дар кори конференсияи байналмилалии илмӣ – амалӣ, ки дар мавзӯи “Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташаккули давлатдории миллӣ” дар Китобхонаи миллӣ доир гардид, гуфта шуд, ки баъд аз бадаст овардани Истиқлоли давлати Тоҷикистони тозаистиклол роҳи бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёд ва дунявию ягонаро интихоб намуд.

Мусаллам аст, ки яке аз принсипҳои бунёди чунин ҷомеа гуногунфикрии сиёсӣ буда, дар чаҳорчӯбаи қонунгузориҳои кишвар шахсиятҳои ҳамфикру ҳамақидаро бо ҳам муттаҳид менамояд ва онҳо ҳақ доранд хизби сиёсӣ таъсис диҳанд ва фаъолияти муназзами онро ба рох монанд.

Зикр шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсули таффакур ва андешаҳои созандаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, идеяи таъсиси хизби нави сиёсиро, ки фарогири ҳарчи бештари манфиатҳои давлат ва милат бошад, маҳз дар ибтидои соли 1993 Роҳбари давлат пешниход намудаанд.

Дар идома  нотиқон нақши Хизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар ташаккули давлатдории миллӣ базургу намоён арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Точикистон ниҳоди бузурги сиёсиест, ки берун аз кишвар низ обруву эътибори баландро соҳиб гардидааст. Ҳамкориҳои байналмилалии Ҳизби Халқии Демократии Точикистон ба ҳизбҳои сиёсии кишварҳои дӯст дар доираи шартномаҳои имзошудаи ҳамкорӣ дар сатҳи баланд чараён дорад.

Дар интиҳои кори конференсия ҳамчун рамзи кадрдонӣ ба чанде аз фаъолони ҳизб, ки дар амалӣ гардидани ҳадафҳои Оиннома ва барномаҳои ҳизб ва ба муносибати 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузоштаанд,   сипосномаи Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон супорида шуд.

А. Ҳасанов