Дар ноҳияи Рӯдакӣ “Фестивал-намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ” баргузор гардид

Дар “Фестивал-намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ”  аз хочагиҳои  шаҳру  ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  чорвои зотӣ,  аз қабили  гусфанд, буз, гов, асп, шутур ба намоиш ва фурӯш гузошта шуд.

Масъулин  ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкурро тарғиби рушди маҳсулот, муаррифии рушди чорводорӣ, табодули таҷриба ва татбиқи дастовардҳои илм дар истеҳсолот арзёбӣ карданд. Бинобар иттилои масъулини Вазорати кишоварзии  мамлакат ба ҳолати 1 ноябри соли 2024 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ саршумори чорвои калон 2 миллиону 747 хазору 575 сарро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин, шиносоии чорводорон ва табодули таҷриба бо якдигар аз мақсадҳои дигари намоишро ташкил медод.  

Саддам Давлатов