Таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон мебошад. Ин нукта дар мулоқоти роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо афсарону сарбозони қисми низомии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе таъкид гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, мулоқот ба ифтихори 30-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Роҳбарияти донишгоҳ бо шароиту имконияти хизмат дар ин қисми низомӣ шинос гардида, ба пойгоҳи он ва шароити зисти сарбозон баҳои баланд доданд. Ҳайати сарбозону афсарони ин қисми низомӣ вазифаҳои муқаддасу пуршарафи худро, ки ба ҳифзи марзу бум, амнияту оромии давлат ва ҷомеа, пойдории аркони давлатдорӣ ва таъмини зиндагии осоиштаи мардум нигаронида шудаанд, сарбаландона иҷро карда истодаанд.
Таъкид шуд, ки шароити фароҳамсохтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ барои соҳаи мудофиавии мамлакат ҳар афсару сарбози ин ниҳоди қудратиро водор месозад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ба Модар-Ватан хизмати содиқона анҷом диҳанд.
Дар анҷом кумакҳои моддии раёсати донишгоҳ ба сарбозону афсарон тақдим гардида, барои хизматчиёни ин қисми низомӣ дастархони идона ороста шуд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон