Ба муносибати 100-солагии мунаққиду адабиётиноси тоҷик Соҳиб Табаров дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конфренсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Мақоми Соҳиб Табаров дар нақд ва адабиётшиносии тоҷик” баргузор гардид.
Тибқи иттилоъ таҷлил аз 100 – умин солгарди адабиётшиноси маъруфи тоҷик, мунаққид, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Соҳиб Табаров дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардидааст, доир шуд.
Дар ҷараёни конфронс гуфта шуд, ки Соҳиб Табаров умри азизи худро ба тадқиқу баррасии масъалаҳои бунёдии таърихи адабиёти тоҷики қарни ХХ, нақди адабӣ, назарияи адабиёт, матншиносӣ ва адабиётшиносии муқоисавӣ бахшидааст ва муаллифи беш аз 800 рисола, китоби дарсӣ, воситаву барномаи таълимӣ, мақолаи илмӣ ва илмию оммавӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки конфронс бо ибтикори Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдулоҳи Рӯдакӣ доир гашта, ба ифтихори таҷлил аз 100 солагии ин мунақиди тоҷик ҷилди шашуми китоби ӯ бо номи “Ҳаёт, адабиёт, реализм” рӯи чоп оварда шудаст.
А. Ҳасанов