Форуми дуюми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак дар мавзӯи «Дастовардҳо ва дурнамои рушди низоми ҳифзи кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе оғоз шуд.
Ёдовар мешавем, ки 20 ноябр дар тамоми дунё Рӯзи ҷаҳонии кӯдак таҷлил гардида, он ба некӯаҳволии кӯдакон дар саросари ҷаҳон нигаронида шудааст ва ҳадафи форуми мазкур пешбурди ҳуқуқи кӯдакон, аз ҷумла ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат нисбат ба онҳо ва таҳлили оммавигардонии дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 31 соли ба тасвиб расидани Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи кӯдак арзёбӣ шуд.
Дар ҷараёни Форуми дуюми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак гуфта шуд, ки форуми мазкур ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ва Рӯзи ҳуқуқи инсон, ки ҳамасола 10 декабр ҷашн гирифта мешавад, бахшида шудааст.
А. Ҳасанов