Имконоти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария муаррифӣ шуданд

15 ноябр бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария дар ҳамкорӣ бо Агентии давлатии Швейтсария оид ба фаъолияти сайёҳӣ (Swiss Tourism) ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот оид ба муаррифии имконияти сайёҳии Тоҷикистон ва Швейтсария дар шакли маҷозӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ аз ҷониби Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод ва Директори лоиҳаҳои махсуси Swiss Tourism Федерико Соммаруга вобаста ба рушди соҳаи сайёҳии ду давлат ва иқдоми минбаъда ибрози назар карда шуд.

Манбаъ: khovar.tj