БАРГУЗОРИИ ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ “ЗАНОН ДАР  СОҲИБКОРӢ” ДАР ДУШАНБЕ

Бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хамкорӣ бо Иттифоқи рушди бахши хусусии Точикистон дар меҳмонхонаи “Ҳайят Реҷенсӣ”-и шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии “Занон дар  соҳибкорӣ” баргузор гардид.

Дар доираи форуми мазкур намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ки маҳсули дастони соҳибкорзанони мамлакат буданд, ба намоиш гузошта шуд.

Дар кори форум беш аз 150 нафар, аз ҷумла соҳибкорзанон  аз Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Узбекистон,  Қирғизистон ва Тоҷикистон иштирок намуданд.

Дар ҷараёни форум таъкид шуд, ки бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти олии мамлакат давоми 33 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақому манзалати зан дар ҷомеа боло рафта, занон дар баробари дигар соҳаҳои иқтисодии миллӣ, дар рушди соҳибкорӣ низ саҳми муносиб мегузоранд.

А. Ҳасанов